Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Боз ҳам бо ҳисоби бузург! «Истиқлол» дигарбора «Равшан»-ро ноком намуд

26.06.2022 23:11

Дар даври даҳумм Лигаи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе соҳиби се имтиёзи навбатӣ гардид.

Дар доираи даври мазкур қаҳрамони феълии мамлакат дастаи «Равшан» аз ноҳияи Зафарободро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор қабул намуд.   Дидори сипаригашта пурра бо бартарии соҳибони майдон ҷараён гирифта, бо ҳисоби калони 7:0 ба фоидаи душанбегиҳо ба анҷом расид.   Дар даври оянда рӯзи 3 июл, «Истиқлол»  дар сафар бо дастаи «Регар-ТадАЗ» вомехурад.

Лигаи футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум
«Истиқлол» - «Равшан» - 7:0
Голҳо:
Рустам Соиров, 21 аз пеналти (1:0).  Сайёди Ковусшо, 48 (2:0). Шервони Мабатшоев, 57 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (4:0).  Манучеҳр Ҷалилов, 72 (5:0). Шервони Мабатшоев, 85 (6:0). Нуриддин Давронов, 90+2 (7:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Никита Чичерин, Владислав Касминин, Алиҷон Кароматуллозода (Темур Партсвания, 64),  Аҳтам Назаров (Далер Имомназаров, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Сайёди Ковусшо, 46), Шаҳром Сулаймонов,  Ислом Зоиров (Нуриддин Давронов, 60),  Муҳаммад Исаев, Рустам Соиров (Манучеҳр Ҷалилов, 60), Шервони Мабатшоев. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Шервони Мабатшоев («Истиқлол»). 
Корти зард: Никита Чичерин, Владислав Касминин («Истиқлол»).
Сардовар: Сайвали Турдиев (Вахш). 
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).
Комиссари бозӣ: Субҳон Хуҷамов (Душанбе). 
26 июн. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/15900

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj