Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» бартариашро мустаҳкам намуд

03.11.2021 18:11

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марказии даври 24-уми Лигаи футболи Тоҷикистон тими КМВА-ро дучори бохт намуд.

Лигаи футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум

 «Истиқлол» - КМВА - 3:1

Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервони Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

«Истиқлол»:  Шоҳрух Қирғизбоев,  Далер Имомназаров (Петар Патев, 73),  Алексей Ларин, Зоир Ҷурабоев, Андрей Мишенко, Манучеҳр Сафаров,  Амирбек Ҷурабоев,  Ислом Зоиров (Шаҳром Сулаймонов, 65), Рёта Нома,  Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Салам Ашурмамадов, 89).

Беҳтарин бозингари вохурӣ:  Рёта Нома ( «Истиқлол»).

Корти зард:  Андрей Мишенко, Петар Патев  («Истиқлол»),  Комрон  Мирзонаҷот, Комрон Мирзохон,  Менҷана  Лук Леонел КМВА).

Сардовар:  Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

3 ноябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.  550  тамошобин.

Пас аз ин ғалаба «Истиқлол» мавқеи худро дар ҷадвали  лигаи олии мамлакат тақвият бахшида, бо ба даст овардани 55  имтиёз ҳамоно садрнишин мебошад.  Бозии ояндаи худро «Истиқлол»  рузи   6 ноябр доир менамояд.  Дар доираи бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон  «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Эсхата»-ро қабул менамояд.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/13619

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj