Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ғалабаи «Истиқлол» бар пешсафи Лигаи наврасон

22.10.2021 14:03

Дар даври 14-уми Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) «Истиқлол» бар пешсафи мусобиқот дастаи «Орзу-2026» дастболо шуд.

Дар бозии марказии давр футболбозони навраси тими “Истиқлол” бо ҳамсолони худ аз дастаи «Орзу-2026» вохурданд. Рақобати ду дастае, ки дар ҷойҳои якуму дуюми ҷадвал ҷойгиранд, ба фоидаи  дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Пас аз 14 даври бозиҳо «Орзу-2026» ҳоло ҳам дар садри ҷадвал қарор дорад – 33 хол, «Истиқлол» бо касби 28 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир мебошад. Дастаи КМВА бо 27 хол дар зинаи сеюм қарор дорад.

Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18)

Даври 14-ум

«Истиқлол» - «Орзу-2026» – 3:2

Голҳо: Хақназари Мусаяб, 34 (0:1). Хақназари Мусаяб, 40 (0:2). Фазлиддин Раҳимов, 77 (1:2). Диловар Ҷамшедзода, 86 – худгол (2:2). Масрур Гафуров, 90+1 (3:2).

Бозингари беҳтарини вохурӣ: Масрур Гафуров («Истиклол»).

 Натиҷаи дигар бозиҳо:

 «Арал» – «Суғд» – 2:3

«Регар-ТадАЗ» – «Пахтакор-Динамо» – 2:1

«Соро компания» – «Равшан» – 6:0

«Ҷайҳун» – КМВА – 0:6

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/13537

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj