Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Финалистони Лигаи чемпионҳо муайян шуданд

20.10.2021 20:03

Дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, ки дар он дастаи «Истиқлол» низ баромад дoшт, иштирокчиёни бозии финалӣ муайян шуданд.

Дар вохурии ниҳоӣ, ки санаи 23 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Поҳанг» (Кореяи Ҷанубӣ) вомехуранд.  Ёдовар мешавем, ки  «Истиқлол»- Тоҷикистон, ки аввалин бор дар даври  гуруҳии ин мусобиқаи пурнуфуз иштирок намуд, дар гуруҳи «А»  бо дастаҳои «АГМК»,  «Шабоб Ал-Аҳли» ва «Ал-Ҳилол» рақобат намуда зинаи аввалро касб намуд ва ба даври плей-офф роҳхат гирифт.  Дар даври 1/8 ниҳоӣ «Истиқлол» бо дастаи «Персеполис»-и Эрон  дидор анҷом дод.  Ин вохурӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда буд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони эронӣ анҷом ёфт.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj