АНҶОМИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТИ БО СЕ ФУТБОЛБОЗИ ХОРИҶӢ
14.01.2025 11:50
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ТАСМИМ ГИРИФТ, КИ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРИРО БО СЕ ФУТБОЛБОЗИ ЛЕГИОНЕР ТАМДИД НАНАМОЯД.
Бо ба анҷом расидани қарордоди щамкорӣ, дастаро ҳимоятгари македонӣ Дарко Илиески ва ҳамлагарон Дарко Митков (Болгария) ва Франческо Марҷиотта (Италия) тарк намуданд, ки фаъолияти худро дар дигар дастаҳо давом медиҳанд.
КФ «Истиқлол» ба ҳар се футболбоз барои бозиашон дар ҳайати даста ташаккур гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақиятҳои калон орзу менамояд!