«ИСТИҚЛОЛ» БО ДАСТПАРВАРИ ХУД ШАРТНОМА БАСТ
22.01.2025 17:50
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР РАВЗАНАИ КУНУНИИ ТРАНСФЕРӢ БО ДАСТПАРВАРИ ХУД, ҲУҶУМКОРИ 19 СОЛА МАСРУР ҒАФУРОВ ШАРТНОМАИ СЕСОЛА БА ИМЗО РАСОНД.
Масрур аъзои тими ҷавонони то 20 солаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад. Қадаш – 177 см, вазн – 73 кг. Хатмкардаи мактаби футболи «Истиқлол» мебошад – мураббиаш Алишер Тағоев.
Дар ҳайати тими наврасони кишвар (U-16) низ ҳунарнамоӣ намудааст. Дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар шаҳри Минск бо задани шаш гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардида буд.
Ду мавсими охир дар ҳайати дастаи Барқчӣ» ҳунарнамоӣ мекард.