АНҶОМИ МӮҲЛАТИ ШАРТНОМА БО ДУ ФУТБОЛБОЗИ ДИГАР
21.01.2025 22:50
МӮҲЛАТИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ БО ДУ ФУТБОЛБОЗИ ХОРИҶИИ ДАСТА БА ПОЁН РАСИД.
Тими «Истиқлол»-и Душанбе тасмим гирифт, ки бо ду бозигар аз ҳайати порсола шартномаашро тамдид нанамояд. Пас аз ба охир расидани мӯҳлати қарордодҳо, дастаро ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин ва нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза тарк карданд.
Маъмурияти КФ «Истиқлол» ба футболбозон барои бозиашон дар ҳайати даста арзи сипос гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳои навро таманно менамояд!