«Истиқлол» ба ғалабаи минималӣ даст ёфт

«Истиқлол»-и Душанбе бори сеюм дар мавсими имсолаи чемпионати мамлакат дастаи «Хатлон»-ро шикаст дод.

21.09.2021 в 21:48

 

Чемпионати Тоҷикистон

Даври 20-ум

«Истиқлол» - «Хатлон»- 1:0

Голҳо:  Манучеҳр Ҷалилов, 79

«Истиқлол» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев,  Ваҳдат Ҳанонов, Андрей Мишенко, Алексей Ларин, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Далер Имомназаров, 58), Амирбек Ҷурабоев, Ислом Зоиров (Петар Патев, 87), Алишер Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Рустам Соиров, 72),  Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 87).

Беҳтарин бозингар:  Куайе  Годсон («Хатлон»).

Корти зард:  Алексей Ларин, Манучеҳр Ҷалилов  («Истиқлол»), Тони Бикатал,  Худойдод Узоқов,  Жан Гатен НД, Парвиз-Боқи Охунов («Хатлон»).

Сардовар:  Абдулло Давлатов  (Шаҳринав).

Нозири доварон:  Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Суҳроб Ҳомидов (Душанбе).

21 сентябр.  Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.

Ин навбат дастаи пойтахт бо ҳисоби минималии 1:0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 79-ум пас аз партофти Далер Имомназаров Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд. Дар даври ояндаи мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон «Истиқлол» дар сафар бо дастаи «Истаравшан» дидор анҷом медиҳад.  Ин вохури рузи 26 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истарпашан баргузор мегардад.

ФОТО  https://t.me/fcistiklol2007/13257

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта