Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!
10.11.2026 08:20
Клуби футболи «Истиқлол» тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик менамояд!

Милитсия дар таъмини амнияту субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оромии ҷомеа ва сулҳу осоиши шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Ба тамоми кормандони ин ниҳоди бонуфуз саломатии бардавом, матонату иродаи қавӣ, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият муваффақият ва дар хонаводаҳояшон хушбахтиву саодатмандӣ орзумандем.











