РУЙДОДИ ТАЪРИХӢ: МАКТАБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ИМА ИФТИТОҲ ГАРДИД!
02.11.2026 10:02
Ифтитоҳи таърихии мактаби футболи бошгоҳи «Истиқлол» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.
.jpg)
Ин нахустин мактаби футболи Осиёи Марказӣ дар ИМА мебошад, ки аз ҷониби як бошгоҳи расмии футболи Осиё таъсис дода шудааст.
Ҳадафи ин лоиҳа на танҳо баргузории машқҳои футбол, балки муттаҳид намудани кӯдакон, таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи фарҳангу анъанаҳои тоҷикӣ ва нигоҳ доштани робитаи насли наврас бо Ватани аҷдодӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ собиқадорони бошгоҳи футболи «Истиқлол» Комил Саидов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов, инчунин собиқ менеҷери дастаи футзали «Истиқлол» Нодир Дӯстматов иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ машқи намоишии футбол баргузор гардид, ки дар он ҳамаи кӯдакон дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ фаъолона иштирок карданд.
Барои кӯдакон ва волидон таомҳои миллии тоҷикӣ омода гардида буданд. Дар варзишгоҳ фазои гарму самимӣ ҳукмфармо буд, ки саршор аз дӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва ҳисси ҳамбастагӣ буд.
Ифтитоҳи мактаби футболи «Истиқлол» дар ИМА на танҳо як қадами муҳим дар рушди байналмилалии бошгоҳ, балки саҳми арзанда дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯстӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
«Истиқлол» танҳо футбол нест, Истиқлол фарҳанг, таърих ва ояндаи мост!
ДАСТАИ МО — МЕРОСИ МОСТ!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39772











