Денис Кавлинов: «Ҳамаи футболбозон 200 худро ба бозиҳо медиҳанд»
16.10.2026 19:20
Дарвозабони «Истиқлол» Денис Кавлинов аз интизориҳои худ аз мусобиқаи дарпешистодаи Лигаи даъватии КФО нақл кард, дар бораи кайфияти даста ва омодагӣ ба бозӣ бо «Неҷмех» сухан ронд ва ҳамчунин ба мухлисони клуб муроҷиат кард.

— Денис, аз мусобиқа дар маҷмӯъ ва аз бозии дарпешистода чӣ интизориҳо доред? Кайфият дар даста чӣ гуна аст?
— Албатта, ҳама аз мо пирӯзӣ интизоранд ва худамон низ ба натиҷаи хуб нигаронида шудаем. Ман итминон дорам, ки ҳеҷ як аз футболбозон дар майдон бепарво нахоҳад буд — ҳама бо 200 фоиз аз худ мебароранд. Бовар дорам, ки мо ба натиҷаи мусбат ноил хоҳем шуд.
— «Неҷмех» аксар вақт рақибон, бахусус дарвозабононро бо зарбаҳои аз масофати дур месанҷад. Оё шумо ба чунин амалҳо ва сюрпризҳои имконпазир аз ҷониби рақиб омодаед?
— Мо якҷоя бо штаби мураббиён ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи рақибро таҳлил кардем. Аз ин рӯ, бале, мо ба ҳама чиз омодаем.
— Атмосфера дар даста пеш аз оғози мусобиқа чӣ гуна аст?
— Ҳама бо шавқу ҳавас интизори бозиҳои дарпешистода ҳастанд. Даста ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ омодагӣ мебинад. Ҳама кайфияти ҷанговариро доранд, бачаҳо пур аз нерӯ ҳастанд ва омодаи муборизаанд.
— Барои шумо иштирок дар Лигаи даъватии КФО таҷрибаи нав аст? Пеш аз мусобиқа изтироб ҳаст?
— Изтироб ҳамеша вуҷуд дорад ва ин муқаррарӣ аст. Рақибони мо дастаҳои қавӣ ва соҳибтахассус мебошанд, аммо мо низ як коллективи хуб ва ҷанговар ҳастем. Ман фикр мекунам, ки моро футболи ҷолиб интизор аст. Барои мо бо чунин рақибон бозӣ кардан ва дар ин мусобиқа иштирок кардан ҷолиб аст.
— Шумо ба мухлисони «Истиқлол» чӣ гуфтанӣ ҳастед?
— Мухлисони азиз, дастгирии шумо барои мо хеле муҳим аст. Шумо қисми ҷудонашавандаи дастаи мо ҳастед. Мо хеле мехоҳем, ки шумо ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ кунед ва дар ин мусобиқа ба даста ёрӣ расонед. Мо аз дидани ҳар яки шумо дар трибунаҳо хурсанд хоҳем шуд!











