Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Як финал, як Ҷом, 200 ҳазор сомонӣ: пагоҳ рақобати бузург!

09.10.2026 13:20

Имрӯз ҷаласаи пеш аз бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои ташкиливу техникии баргузории бозии ниҳоӣ баррасӣ гардида, инчунин рангҳои либосҳои бозии дастаҳо тасдиқ карда шуданд.

Тибқи мувофиқа, дастаи «Истиқлол» дар либоси сурх ва дастаи «Сипар» дар либоси сафед ба майдон мебароянд.

Ҳамчунин, ҳаҷми ҷоизаҳои молиявии мусобиқа муайян гардидааст. Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 200 000 сомониро ташкил дода, ғолиби финал соҳиби 100 000 сомонӣ ва дастаи финалист соҳиби 50 000 сомонӣ мегардад.

Ҳамчунин ҷоизаҳои дигари молиявӣ пешбинӣ шудаанд:

Беҳтарин бозингар – 4000 сомонӣ

Беҳтарин мураббӣ – 4000 сомонӣ

Беҳтарин нишонзан – 3500 сомонӣ

Беҳтарин бозигари хориҷӣ – 3500 сомонӣ

Беҳтарин дарвозабон – 3500 сомонӣ

Беҳтарин бозингари ҷавон – 3500 сомонӣ

Беҳтарин дастаи медиявӣ – 3000 сомонӣ

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» баргузор шуда, соати 17:00 оғоз меёбад.

Ҳамаи мухлисони футболро ба тамошои ин рақобати ҷолиб даъват менамоем!

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39243

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj