«ИСТИҚЛОЛ» — ДАР ФИНАЛ! 5:0 ВА ҒАЛАБАИ ҚАТЪӢ!
03.10.2026 21:20
«Истиқлол» дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Сомон» бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуда, роҳашро ба финал боз кард!

Футзалбозони «Истиқлол» аз дақиқаҳои аввал бозиро пурра зери назорат гирифтанд. Бартарии ҷиддӣ, ҳамлаҳои пайдарпай ва бозии мутмаин ба даста имкон дод, ки ба дарвозаи рақиб 5 голи беҷавоб занад.
Ҳамакнун тамоми таваҷҷуҳ ба финал равона шудааст. 10 октябр «Истиқлол» дар бозии ҳалкунанда барои Ҷоми кишвар бо «Сипар» рӯбарӯ мешавад.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
МАРҲИЛАИ НИМНИҲОӢ
«Истиқлол»- «Сомон» - 5:0
Голҳо: Хосе Пахаро, 2 (1:0). Баҳодур Хоҷаев, 4 (2:0). Шаҳриёр Ҷумахонзода, 15 (3:0). Умед Кузиев, 20 (4:0). Хосе Пахаро, 20 (5:0).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Умед Кузиев («Истиқлол»).
Сардовар: Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода).
3 октябр. Душанбе. «Кохи Олимп».











