«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ҶУСТУҶӮИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВ АСТ!
25.09.2026 18:20
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» МУТАХАССИСОНЕРО МЕҶӮЯД, КИ МЕТАВОНАНД БО ИСТЕЪДОД, ТАҶРИБА ВА ЭҶОДИЁТИ ХУД ДАР РУШДИ КЛУБ САҲМ ГУЗОРАНД!
АКСБАРДОР
Бо таҷрибаи корӣ ва портфолиои касбӣ.
ДИЗАЙНЕР
Бо таҷрибаи корӣ, завқи эҷодӣ ва маҳорати баланди касбӣ.
ВИДЕОГРАФ / ОПЕРАТОР
Бо таҷрибаи корӣ дар наворбардорӣ, таҳияи видео ва эҷоди контенти босифат.
КОРМАНДИ ДАФТАРИ МАТБУОТ / ЖУРНАЛИСТ
Бо таҷрибаи касбӣ дар журналистика ва PR.
Талабот ба корманди дафтари матбуот:
— донистани се забон; тоҷикӣ, руссӣ ва англисӣ;
— сатҳи баланди касбӣ;
— маҳорати хуби навиштан ва таҳияи матнҳои хабарӣ;
— қобилияти омода намудани мусоҳиба ва маводи расмӣ;
— малакаи хуби коммуникатсионӣ ва масъулиятшиносӣ.
ТАЛАБОТИ УМУМӢ:
Таҷрибаи корӣ, портфолиои касбӣ, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба кор дар муҳити динамикӣ ва касбии футболи сатҳи баланд.
ҚАБУЛИ ДАРХОСТҲО ТО 15 ОКТЯБР!
Агар шумо худро мутахассиси соҳаи худ медонед ва мехоҳед дар якҷоягӣ бо «Истиқлол» ба натиҷаҳои нав бирасед — мо шуморо интизорем!
CV ва портфолиои худро ба почтаи электронӣ ирсол намоед:
Барои маълумоти бештар:
+992 98 735 11 11
«Истиқлол» — як даста. Як ҳадаф. Як рӯҳия.











