ҒАЛАБАИ БОВАРИБАХШ ДАР СОҲИЛИ СИРДАРЁ!
31.08.2026 01:20
ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОЗИИ САФАРИИ ДАВРИ 15-УМИ ЛИГАИ ОЛӢ ТИМИ «ПАРВОЗ»-РО БО ҲИСОБИ КАЛОНИ 4:0 МУВОҶЕҲИ ШИКАСТ НАМУД!

Ба ҳамин тартиб, «Истиқлол» пас аз ин пирӯзӣ ба зинаи аввали ҷадвали Лигаи олӣ баргашт. Дар вохурии навбатии чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» санаи 5 сентябр дастаи «Ҳосилот»-ро қабул менамояд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 15-ум
«Парвоз» - «Истиқлол» - 0:4
Голҳо: Рустам Соиров, 69 (0:1). Эҳсон Панҷшанбе, 73 (0:2). Рустам Соиров, 84 аз пеналти (0:3). Амирбек Ҷурабоев, 90+2 (0:4).
«Истиқлол» (Душанбе): Денис Кавлинов, Фране Икич, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ҳанонов (Йосип Томашевич, 88), Амирбек Ҷурабоев, Михаил Тихонов (Рустам Соиров, 60), Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Шукуров, Эҳсон Панҷшанбе, Алексей Шебетун (Шаҳром Самиев, 70), Шервони Мабатшоев.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Эҳсон Панҷшанбе («Истиқлол»).
Корти зард: Дуан Квеку («Парвоз»), Эҳсон Панҷшанбе, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ҳанонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев («Истиқлол»).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
30 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1700 тамошобин.











