Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Зодрӯз муборак, муҳтарам Шоҳрух Саидзода!

30.08.2026 02:20

Клуби футболи «Истиқлол» роҳбари даста, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Шоҳрух Саидзодаро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрик менамояд!  

Шумо ҳамчун роҳбари қавӣ, дурандеш ва ғамхор бо масъулиятшиносӣ, таҷриба ва садоқати худ дар рушди «Истиқлол» ва пешрафти футболи тоҷик саҳми арзанда мегузоред.
 
  Барои Шумо футбол танҳо як соҳаи фаъолият нест - ин як ҳадафи бузург ва корест, ки бо муҳаббат, неру ва қалб анҷом дода мешавад.
 
 Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо пеш аз ҳама саломатии комил, саодати оилавӣ, неруи беохир ва рӯҳияи қавӣ орзу менамоем.
 
 Бигзор дар пеш боз ҳадафҳои бузург, пирӯзиҳои хотирмон ва дастовардҳои нав Шуморо интизор бошанд.
 
 Бигзор ҳар қадами Шумо ба сӯи қуллаҳои нав ва ҳар пирӯзӣ оғози комёбиҳои боз ҳам бузургтар гардад!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj