Рақибони «Истиқлол» 20 август маълум хоҳанд шуд!
06.08.2026 14:30
20 август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Осиё-2026/27 баргузор мешавад.
.jpg)
Дар ин рӯз рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳ муайян хоҳанд шуд. Оғози маросим соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ (12:00 бо вақти Душанбе).
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи «Ғарб» аз 17 то 24 октябр ба таври мутамарказ баргузор мегарданд.
Маконҳои баргузории мусобиқа баъдтар аз ҷониби AFC эълон мешавад. Бозии ниҳоии Лигаи даъвати Осиё рӯзи 8 майи соли 2027 баргузор хоҳад шуд.











