Берун аз майдон ҳам як дастаем!
04.07.2026 16:40
Клуби футболи «Истиқлол» дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шанбегии экологӣ баргузор намуд!
.jpg)
Дар ин иқдоми нек бозигарони дастаи футзал, ҳайати ҷавонон, тарбиягирандагони Академияи клуб, роҳбарият, аъзоёни фан-клуб ва кормандони шарики даста - ширкати сохтмонии «Истиқлол-гурӯҳ» фаъолона ширкат варзиданд.
Бо талоши якҷоя иштирокчиён ҳудуди атрофи варзишгоҳро тозаву озода намуда, бори дигар исбот карданд, ки «Истиқлол» на танҳо дар майдони футбол, балки дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи муҳити зист низ пешсаф аст.
КФ «Истиқлол» ба ҳамаи иштирокчиёни шанбегӣ барои ҳиссаи арзандаашон дар ободонӣ ва тозагии муҳити атроф самимона миннатдорӣ баён мекунад.
«Истиқлол» - як даста, як ҳадаф, як масъулият!











