Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ҶОМИ «СОХТОРҲОИ ҲАРБӢ»-2026 ОҒОЗ ГАРДИД!

26.05.2026 10:20

ДАР МАЙДОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 3502 МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ «СОХТОРҲОИ ҲАРБӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

 

Мусобиқа бо ибтикори клуби футболи «Истиқлол» ва Раёсати қушунҳои дохилии ВКД роҳандозӣ гардида, ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» ва Раёсати қушунҳои дохилии ВКД иштирок намуда, ҷамъомадагонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда ба дастаҳо барору комёбӣ таманно намуданд.

 Мусобиқа 31 май ҷамъбаст гардида, ҷоизадорон ва беҳтарин бозикунон бо Ҷом, медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар мусобиқа 6 даста дар ду зергурӯҳ иштирок менамоянд ва дар даври аввал чунин натиҷаҳо ба қайд гирифта шуданд:

 Қушунҳои сарҳадии КДАМ - Қисми ҳарбии 3502 - 2:1, Гвардияи миллӣ - Раёсати қушунҳои дохилӣ - 1:4

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37402

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37418

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37422

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj