«РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ТАҶЛИЛ ГАРДИД!
25.05.2026 23:20
ПАС АЗ АНҶОМИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶОМИ «ИСТИҚЛОЛ»-2026, ДАР ВАРЗИШГОҲИ «ИСТИҚЛОЛ АРЕНА» ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИЮ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
.jpg)
Таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар варзишгоҳи «Истиқлол-Арена» воқеъ дар дараи Алмосӣ бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ роҳандозӣ шуда, дар он роҳбарияти даста, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон, дастаҳои иштирокчии мусобиқа, хабарнигорон, блогерон ва ҳаводорони футбол иштирок намуданд.
Аксҳои хотиравӣ, бозиҳои шавқовари варзишӣ ва тамринҳои якҷоя ба наврасон ва иштирокчиён хотироти нек боқӣ гузошт.
Ҳамчунин баҳри фароғати меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони эстрадаи тоҷик пешкаш гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Ба шарикони даста, ки дар баргузории ин чорабинӣ саҳми худро гузоштанд, миннатдории бепоёни худро мерасонем.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37382
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37392











