ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026 БАРГУЗОР ШУД
22.05.2026 13:20
Қабл аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 бо ширкати намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулони бозӣ ва бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва техникии рақобати мазкур, аз ҷумла амният, тиббӣ, васоити ахбори омма, сарулибоси дастаҳо ва риояи низомномаи мусобиқа баррасӣ шуданд. Ранги либоси бозигарон низ тасдиқ гардиданд. Дар вохӯрӣ футболбозони «Истиқлол» бо либоси сурх ва «Регар-ТадАЗ» бо либоси сафед бозӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки бозӣ барои Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» 23 май дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/37065











