Ҷоми «Истиқлол» 20 май оғоз меёбад!
18.05.2026 20:20
Аз 20-ум то 24-уми май дар Академияи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосӣ, мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон «Ҷоми Истиқлол» баргузор мегардад!

Дар ин мусобиқа, ки ба Рӯзи байналмилалии футбол бахшида шудааст, Академияҳои футболи Осиёи Марказӣ: «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Астана» ва «Ғайрат» (Қазоқистон), «Бунёдкор» (Ӯзбекистон), инчунин мизбонони мусобиқа – «Истиқлол» ва мактабҳои футболи «Динамо», «Бохтар Сити» ва дастаи Академияи «Ювентус» аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.
ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА:
19-уми май
Ҷаласаи пеш аз мусобиқа ва қуръакашии ҷадвали бозиҳо
20-уми май
Маросими ифтитоҳи мусобиқа ва бозиҳои даври 1-уми марҳилаи гурӯҳӣ
21-уми май
Бозиҳои даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ
22-юми май
Бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳӣ
23-юми май
Бозиҳои марҳилаи плей-офф
24-уми май
Вохурии финалӣ ва маросими пушидашавии мусобиқа











