25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол!
18.05.2026 17:20
Дар Тоҷикистон имсол низ «Рӯзи ҷаҳонии футбол» бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад!
.jpg)
Дар саросари кишвар як силсила чорабиниҳои варзишӣ, бозиҳои дӯстона ва фестивалҳо баргузор мешаванд, ки фазои ҳақиқии идона ва футболию варзиширо эҷод мекунанд.
Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон танҳо як ид нест - ин таҷлили муҳаббат ба футбол, ваҳдат, эҳсоси миллӣ ва дастгирии варзишест, ки миллионҳо дилҳоро ба ҳам меорад!
Тоҷикистон ба пеш!!!











