Мураббии дарвозабонҳо савияи донишашро баланд мебардорад!
26.03.2026 14:20
Дар Тошканд аввалин модули курси сертификатсионии Конфедератсияи футболи Осиё оид ба тайёр намудани мураббиёни дарвозабонҳо «Goalkeeping B» ҷараён дорад.
Раванди таълим машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар курс 24 мураббӣ иштирок доранд, ки дар қатори онҳо мураббии дарвозабонони клуби футболи «Истиқлол» Фаррух Бердиев низ ҳаст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки гирифтани сертификат ба мураббиён имконият медиҳад, ки маҳорати касбии худро минбаъд такмил диҳанд. Курси омӯзишии мазкур 30 март ҷамъбаст мегардад.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35880











.png)