Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Алиҷони Бӯризод ҷароҳат бардошт!

18.03.2026 18:20

Клуби футболи «Истиқлол» оид ба ҷароҳати бардоштаи нимҳимоятгари даста Алиҷони Буризод хабар медиҳад!

Дар бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон муқобили «Регар-ТадАЗ» (1:0)  футболбоз ҷароҳат бардошта, маҷбур шуд майдонро дар дақиқаи 52-юм тарк намояд.

Баъди гузаронидани муоинаи тиббӣ дар рӯзи дигар, дар футболбоз кандашавии бандҳои салибии зону (крестообразные связки) ташхис карда шуд.

Ба гуфтаи духтури даста, Фаррух Авезов, дар айни замон, Алиҷони Буризод  бояд марҳилаи табобат ва барқароршавиро паси сар намояд. Муҳлати дақиқи барқароршавӣ баъдан муайян карда мешавад.

Клуби футболи «Истиқлол» ба бозингар барқароршавии ҳарчи зудтар ва бозгашт ба майдонро таманно дорад!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj