Ба тоҷикӣ  На русском In English 

НАТИҶАГИРӢ АЗ МАВСИМИ ФУТБОЛИ 2025!

03.03.2026 17:00

ШОМИ ДИРӮЗ БОШГОҲИ "ИСТИҚЛОЛ" ҶИҲАТИ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ ГУЗАШТА ВА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИРО ТАҲТИ УНВОНИ ШОМИ “ИСТИҚЛОЛ” БО ДӮСТОН” БАРГУЗОР КАРД.

Дар чорабинӣ роҳбарияти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти дадвлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар,  бошгоҳи “Истиқлол”, шарикон ва  сарпарастон, ситоди мураббиён бозигарон ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд. 

 Дар оғози ҳамоиш президенти дастаи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода  сухаронӣ намуда,  иштирокчиёнро бо ғози мавсими нав табрик намуд ва ба ҳамаи сарпарастон ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ иброз дошт.

 Гуфта шуд, ки бо дастгирии доимӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе президенти  ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба рушди футбол ва варзиш шароитҳои зарурӣ ба миён омада,   заминаи устувор барои ташаккули бошгоҳҳои варзишӣ ва беҳтар шудани сатҳи омодагӣ ва натиҷаҳои бозигарон гузошта шуд.

 Ин дастгириҳо барои пешрафти варзиш, хусусан футбол, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозанд.

“Истиқлол” дар мавсими гузашта дар чемпионати Тоҷикиистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ медали тилло ба дастоврда, барандаи Суперҷоми мамлакат гардид. Ҳамзамон дар мусобқиаи Лигаи чемпонҳои Осиё дар як гуруҳ бо “Ал-Наср”,  “Ал-Завра” ва “Гоа” бозӣ карда, бо дарёфти 9 имтиёз  зинаи сеюмро касб кард. 


 Ҷиҳати рушду оммавияти футболи кӯдакона  дар шаҳри Хуҷанд намояндагии Академияи “Истиқлол” ифтитоҳ дода шуд, ки аллакаи даспарварони он дар мусобқаи байналмилалии дар шаҳри Давҳаи Қатар ширкан амуда, сазовори медали тилло гардид. 

Дастаи “Истиқлол” ба ҷуз аз ин боз дар самти дастгириӣ ва кӯмак ба табақаҳои ниёзманд ҳам  фаъол мебошад. Акнун дар мавсими нав  “Истиқлол” вазифаи муаррифии футболи тоҷикро дар мусобиқаи қоравии Ҷоми даъвати Осиё доард, ки барои арзанда баромад кардан дар он ситоди нави мураббиён ва як қатор бозигарони бомаҳорати дохилию  хориҷӣ даъват шуданд. 

Дар идомаи чорабинӣ ба шарикону сарпарстон ҷиҳати ҳамкориҳоии дарозмуддату самаранок сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ шупорида  шуданд.

Дар фарҷом  ҳамлагари даста ва тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов аз анҷоми фаъолияти касбии бозигарии худ эълон кард. 

Дар доираи ҳамоиш маросими қадршиносии Манучеҳр Ҷалилов доир шуд. Роҳбарияти дастаи “Истиқлол”, ҳамдастаҳо ва аъзои ҷомеаи футбол аз Манучеҳр барои саҳми назаррас дар муваффақияти бошгоҳ ва дастаи миллии кишвар изҳори сипос карданд. 

 Манчучеҳр дар ҳайати мунатхаби Тоҷикистон 20 гол зада, бо “Истиқлол” қаҳрамони бисёркаратаи кишвар гариддааст. Бо ҳамин тартиб чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ба анҷом расид.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35586

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35595

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35602

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35612

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35623

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj