Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» бо се футболбози хориҷӣ шартнома баст!

08.02.2026 14:20

Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон бо се футболбози хориҷӣ шартнома ҳамкорӣ баст.

Бошгоҳи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки имрӯзҳо ба мавсими нав омодагӣ мебинад, ҳайати худро бо се футболбоз аз Хорватия тақвият дод.

Ба ҳайати  даста ҳимоятгарон Фране Икич ва Йосип Томашевич, инчунин нимҳимоятгари марказӣ Фране Чиряк шомил  гардиданд. Ҳар се футболбоз  таҷрибаи ғанӣ дар чемпионатҳои Хорватия, Булғористон, Украина, Сербия ва Ӯзбекистон доранд.

Созишномаи ҳамкорӣ бо бозигарон то охири мавсими имсола ба имзо расонида шуд.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35333

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj