Ситоди мураббиени «Истиқлол» тасдиқ карда шуд!
04.02.2026 14:30
Роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҳайати нави мураббиени дастаро барои мавсими имсола расман тасдиқ намуд!

Ба сармураббӣ Виталий Левченко мутахассис аз Украина Андрей Анненков (мураббии калон) ва мураббиени ватанӣ Анвар Норкулов (мурабии тайёрии ҷисмонӣ) ва Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабон), инчунин мураббии таҳлилгар аз Узбекистон Дониер Муродов кӯмак хоҳанд кард.
Бо ҳамаи мураббиен шартномаи ҳамкорӣ то анҷоми мавсим ба имзо расонида шуд.











.png)