Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Виталий Левченко – сармураббии КФ «Истиқлол»!

03.02.2026 18:20

Дастаи футболи «Истиқлол» аз таъини Виталий Григоревич Левченко ба мансаби сармураббии даста хабар медиҳад!

Виталий Левченко қаблан низ роҳбарии тими  «Истиқлол»-ро  ба уҳда дошта, дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ бо даста муваффақиятҳои назаррасрро  ба даст оварда буд.

Таҳти роҳбарии ӯ  даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи чемпионҳои  КФО бомуваффақият ва арзанда намояндагӣ карда буд.

Левченко се мавсими охир дар тими «Нефтчӣ»-и Фарғона фаъолият дошт ва дастаро дар соли 2025 ба унвони чемпиони Узбекистон расонид.

Шартнома бо Виталий Григоревич  то анҷоми мавсими-2026 ба имзо расонида шуд.

Роҳбарияти дастаи  «Истиқлол» ба  Виталий Левченко  барори кор ва пирӯзиҳои навро дар якҷоягӣ бо даста таманно менамояд!


 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj