Тамрин дар «Dorob gym»!
01.02.2026 21:50
Дар рӯзи ниҳоии марҳилаи якуми ҷамъомади таълимӣ, футболбозони «Истиқлол» дар маҷмаии варзишии «Dorob gym» тамрин намуданд.

Пас аз машғулияти ҷисмонӣ, футболбозон аз ҳавзи шиноварӣ ва сауна истифода бурда бо рӯҳи болида ба меҳмонхона баргаштанд. Ду рӯзи оянда, даста истироҳат намуда, санаи 4 феврал ба тамринҳо бармегардад.











.png)