Шартнома бо ҳамлагар ба поён расид!
29.01.2026 17:10
Қардоди ҳамкории тими «Истиқлол» бо ҳамлагар аз Нигерия Шон Пол Камолафе ба поён расид.
.jpg)
Тими «Истиқлол» тасмим гирифт, ки шартномаи меҳнатии анҷомёфтаро бо ҳамлагар Пол Камолафе тамдид нанамояд. Бо ҳамин тартиб, футболбоз агенти озод гардида, фаъолияташро дар дигар ҷо анҷом медиҳад.
Қайд менамоем, ки Камолафе тобистони соли гузашта аз «Хуҷанд» ба «Истиқлол» гузашта буд ва дар 15 бозӣ ба задани 8 гол даст ёфт. Дастаи «Истиқлол» ба Пол Камолафе изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои навро таманно менамояд.











.png)