Никола Стошич фаъолияти худро дар Ӯзбекистон идома медиҳад!
07.01.2026 10:50
Дарвозабон Никола Стошич бозингари клуби ӯзбекистонии «Хоразм» шуд. Футболбоз ба чемпионати Ӯзбекистон бармегардад, ки қаблан таҷрибаи бозӣ дар он ҷо дошт.

Пас аз ду мавсим дар «Истиқлол», дарвозабон Никола Стошич бо имзои шартномаи дусола бо дастаи «Хоразм», ки сармураббии он Ҳаким Фузайлов мебошад, ба чемпионати Ӯзбекистон бармегардад.
- «Мехоҳам аз шумо барои боварӣ, дастгирӣ ва ҳамкории муштарак самимона миннатдорӣ баён кунам. Даврае, ки дар «Истиқлол» гузаронидам, марҳилаи муҳими рушди касбии ман буд ва ба ман ҳамчун бозингар ва ҳамчун инсон таҷрибаи арзишманд дод!
Ман аз имкони узви даста будан миннатдорам. Дар оянда ба бошгоҳ рушди минбаъда, устуворӣ ва муваффақиятҳои бузурги варзиширо таманно дорам!
Боз ҳам ташаккур ба ҳама ва барори кор!», - гуфт Стошич пеш аз рафтанаш аз «Истиқлол».
КФ «Истиқлол» ба Никола Стошич барои баромадаш дар ҳайати даста арзи сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи футболиаш муваффақиятҳои калон орзу менамояд!











.png)