Ба тоҷикӣ  На русском In English 

АМИРБЕК ҶУРАБОЕВ – БОЗИНГАРИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН!

27.12.2025 14:30

ИМРӮЗ, 26 ДЕКАБР, ДАР ТОЛОРИ «КОХИ СУРУШ»-И ДУШАНБЕ МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ ҶОИЗАСУПОРИИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД, КИ ДАР ОН БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОИ ИНФИРОДӢ ДАР СОЛИ 2025 ЭЪЛОН ШУДАНД.

Дар ин маросим аз рӯи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпионати ҷавонон ва лигаи якум дар маҷмуъ ғолибон аз рӯи 18 номинатсия муайян гардиданд.

Ҷоизаи беҳтарин бозингари солро дар Тоҷикистон нимҳтмоятгари тими «Истиқлол» Амирбек Ҷурабоев соҳиб гашт!

У ҳамчунин дар номинатсияи беҳтарин нимҳимоятгар  барандаи ҷоиза гардид. Намояндаи дигари дастаи «Истиқлол» Содиқҷон Қурбонов - беҳтарин ҳимоятгари соли 2025 эътироф гардид!

Муҳаммад Назриев - бо задани 30 гол, беҳтарин нишонзан ва беҳтарин бозингар миёни ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ дониста шуд.

Легионери нигериягӣ Шон Пол Камолафе бо задани 12 туб ҷоизаи беҳтарин нишонзани соли сипаришударо ба даст овард.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35075

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj