МӮҲЛАТИ ШАРТНОМАИ СИТОДИ МУРАББИЁНИ «ИСТИҚЛОЛ» БА ПОЁН РАСИД
29.12.2025 11:00
ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА СИТОДИ МУРАББИЁНИ ДАСТА БА АНҶОМ РАСИД.

Раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва ситоди мураббиёни бошгоҳ таҳти роҳбарии сармураббии даста Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаҳои ба охир расидаро тамдид накунанд.
Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба тамоми ҳайати мураббиён барои заҳматҳои анҷомдодаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд.











.png)