Ба тоҷикӣ  На русском In English 

МАВСИМИ-2025 БО ПИРӮЗӢ БА АНҶОМ РАСИД!

24.12.2025 23:30

ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» СОЛИ 2025-РО БО ПИРӮЗӢ БА АНҶОМ РАСОНИД.

Дар бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё «Истиқлол» дар сафар бар тими «Гоа» бо натиҷаи 2:1 дастболо гардид!

Бо касби 9 имтиёз  «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа мақоми 3-юро ба даст овард ва танҳо аз ҳисоби таносуби тубҳо натавонист ба даври плей-офф роҳхат гирад.

Дар вохурии дигари гурӯҳ «Ал-Наср» бо натиҷаи 5:1 «Ал-Завра»-ро шикаст дод.

Аз гурӯҳи «D» ба даври минбаъда дастаҳои «Ал-Наср»-18 имтиёз ва «Ал-Завра» - 9 имтиёз роҳхат гирифтанд.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ-2 ОСИЁ - 2025/26

МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИ. ДАВРИ ШАШУМ

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1:2

Голҳо: Деян Дразич, 8 (1:0).  Пол Камолафе, 53 (1:1). Амирбек Ҷурабоев аз пеналти, 56 (1:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Марлен Чобанов, Рудолф Туркай (Аҳтам Назаров, 46), Содиқҷон Қурбонов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов,  Сиёваш Ҳақназарӣ (Шаҳром Сулаймонов, 86), Рустам Соиров (Кирилл Суслов, 77), Пол Камолафе.

Беҳтарин бозингари вохурӣ: Пол Камолафе («Истиқлол»).

Корти зард: Борис Синкх («Гоа»), Эҳсон Панҷшанбе («Истиқлол»).

Корти сурх: Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), 75.

Сардовар: Умар Иброҳим Ҳасан (Баҳрайн).

Нозири доварон: Холид Ҷассим Ал- Сенани (АМА).

Комиссари бозӣ: Алишер Никимбаев (Узбекистан).

24 декабр. Гоа (Ҳиндустон). Варзишгоҳи «Ҷавоҳарлал Неру». 1083 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35055

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35048

 

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj