Ба тоҷикӣ  На русском In English 

БОЗ ҲАМ 6:2!

10.11.2025 19:50

Бори дуюм паиҳам «Истиқлол» дар мавсими кунунии Лигаи олӣ бо натиҷаи 6:2 пирӯз гардид!

Пас аз ғалаба бар «Равшан» (6:2), «Истиқлол»  ин натиҷаро такрор кард - имрӯз бо ҳисоби 6:2 «Эсхата» мувоҷеҳи шикаст шуд.

Бозии ояндаи худро «Истиқлол» санаи 26 ноябр баргузор менамояд. Дар ин рӯз дар доираи даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО «Истиқлол» тими «Ал-Наср»-ро қабул менамояд. 

 ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН
ДАВРИ 22-ЮМ  

«Истиқлол» - «Эсхата» - 6:2

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 8 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 11 (2:0). Рустам Соиров, 27 (3:0).  Рустам Соиров, 49 (4:0).  Муҳаммадҷон Раҳимов, 68 (5:0). Диёрбек Холмирзоев, 84 (5:1). Ҷасур Ярбеков, 87 (5:2). Манучеҳр  Ҷалилов, 90+1 (6:2).
«Истиқлол» (Душанбе):  Никола Стошич, Кирилл Суслов, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов (Рудолф Туркай, 46), Табрез Исломов (Аҳтам Назаров, 66), Ҷозеф Окоро, Амирбек Ҷурабоев, Сиёваш Ҳақназарӣ (Ризо Деҳқонӣ, 66), Эҳсони Панҷшанбе (Муҳаммадҷон Раҳимов, 66), Рустам Соиров (Манучеҳр Ҷалилов, 66), Масрур Ғафуров. 
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»). 
Корти зард:  Марлен Чобанов («Истиқлол», Бахтиёр Зарипов («Эсхата»).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кулоб).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).
Комиссари бозӣ: Усмон Бурҳонов (Душанбе). 
10 ноябр. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/34258

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/34262

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj