Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Менеҷери маркетингу рушди ФК «Истиқлол» Парвиз Қашқаров бо сафари корӣ ба шаҳри Бишкек ташриф овард.

31.10.2025 21:50

Дар доираи сафар Қашқаров бо ноиби президенти якуми Иттиҳоди футболи Қирғизистон Нурдин Букуев мулоқот кард.

Дар давоми будубоши худ дар Бишкек, Қашқаров бозии Лигаи  даъвати КФО «Сафа» - «Регар-ТадАЗ» (2:1) -ро тамошо кард ва бо фаъолият ва инфрасохтори як қатор иншоотҳои футболии пойтахти Қирғизистон шинос шуд.

Аз ҷумла, пойгоҳи таълимию тамринии «Мурас Юнайтед», варзишгоҳи «Достук Арена» ва Академияи миллии футбол, инчунин бо шӯъбаи маркетинги онҳо вохӯрӣ баргузор намуда, таҷрибаи рушди чемпионати дохилиро мубодила карданд.

Дар анҷоми сафар намояндаи клуби мо ба роҳбарияти Иттиҳоди  футболи Қирғизистон барои пазироии гарм ва сатҳи баланди ташкили мулоқот изҳори миннатдорӣ намуд.



 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj