«ИСТИҚЛОЛ» – «ГОА»: НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД
29.09.2025 15:50
Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 30 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Гоа» (Ҳиндустон) нишасти хабарӣ баргузор мешавад.
Нишаст дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуда, соати 17:30 оғоз мегардад. Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо ва як нафарӣ бозигар аз ҳарду тим
ҷавоб медиҳанд. Пеш аз баргузории нишасти матбуотӣ рӯзноманигороне, ки дархостҳои худро пешниҳод кардаанд, метавонанд бейҷҳои аккредитатсионии худро гиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи бозӣ ба намояндагони ВАО аккредитатсия дода намешавад!