«ИСТИКЛОЛ» НИМҲИМОЯТГАРИ ЭРОНИРО БА ДАСТ ОВАРД!
28.07.2025 22:50
НИММУҲОФИЗИ ҲАМЛАВАР АЗ ЭРОН СИЁВАШ ҲАКНАЗАРӢ БА ҲАЙАТИ «ИСТИКЛОЛ» ШОМИЛ ГАРДИД!
Ҳакназарӣ, ки бо дастаи «Истиклол» то охири сол шартнома имзо кард, қаблан дар дастаи эронии «Малавон» ва дастаи украинии «Волин» бозӣ кардааст.
Солҳои 2022–2024 ӯ дар чемпионати Узбекистон дар ҳайати дастаҳои АГМК ва «Навбахор» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар 204 бозии расмӣ ба ҳисоби ӯ 36 гол ва 18 паси головар сабт шудааст. Дар дастаи «Истиклол» Ҳакназарӣ таҳти рақами 8 бозӣ хоҳад кард.
Хуш омадӣ ба «Истиқлол», Сиёваш!