РАҚИБОНИ «ИСТИҚЛОЛ» 15 АВГУСТ МУАЙЯН МЕГАРДАНД!
28.07.2025 13:20
15 АВГУСТ ДАР ДАР КУАЛА-ЛУМПУР ҚУРЪАКАШИИ МУСОБИҚАҲОИ БОШГОҲИИ ОСИЁ, АЗ ҶУМЛА ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2 БАРГУЗОР МЕШАВАД, КИ ДАР ОН «ИСТИҚЛОЛ» ҲУНАРНАМОӢ МЕНАМОЯД.
Маросими қуръакашӣ дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал» соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ (18:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад).
Даври гурӯҳии мусобиқа аз шаш давр иборат буда, 17 сентябр оғоз меебад. Рақобатҳои даври гурӯҳӣ санаи 24 декабр ба анҷом мерасанд. Финали мусобиқа 16 майи соли 2026 баргузор мешавад.