Анҷоми шартнома бо ду футзалбоз!
15.07.2025 21:50
Тими футзали «Истиқлол» тасмим гирифт, ки бо ду бозигар аз ҳайати имсола шартномаашро тамдид нанамояд.
Пас аз ба охир расидани мӯҳлати қарордодҳо, дастаро Рустам Ҳамидов ва Муҳаммад Шарипов тарк намуданд.
Маъмурияти КФ «Истиқлол» ба футзалбозон барои бозиашон дар ҳайати даста арзи сипос гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳои навро таманно менамояд!