Ба тоҷикӣ  На русском In English 

АНҶОМИ МӮҲЛАТИ ҚАРОРДОД БО АЛЕКСАНДР ЗАБИРАДЗЕ!

03.07.2025 17:20

РАҲБАРИЯТИ БОШГОҲИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА САРМУРАББИИ ДАСТАИ ФУТЗАЛ АЛЕКСАНДР ЗАБИРАДЗЕ ТАСМИМ ГИРИФТАНД, КИ ШАРТНОМАИ БА ОХИР РАСИДАРО ТАМДИД НАКУНАНД.

Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо Александр Забирадзе ва ёвари ӯ Ҳусеён Шодиев  дастаро тарк намуданд.

Александр Забирадзе дар якҷоягӣ бо Ҳусейн Шодиев моҳи апрели  соли 2023  дар дастаи футзали  «Истиқлол» фаъолияти худро оғоз карда, дар ин муддат соҳиби унвони қаҳрамонӣ, Суперҷоми Тоҷикистон ва барандаи  медалҳои нуқраи Суперлигаи футзал гардиданд.

Раҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Александр Забирадзе ва Ҳусейн Шодиев  барои заҳматҳои пурсамарашон   изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи мураббигиашон барору комёбиҳо таманно менамояд.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj