ЗИНАИ ДУЮМИ ДАСТАИ АКАДЕМИЯ «ҶОМИ ҚАШҒАР»
01.07.2025 20:50
Дастаи Академияи футболи Истиқлол (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Қашғар» миёни наврасон, ки дар Чин баргузор шуд, мақоми дуюмро касб кард.
Мусобиқа дар Шинҷон-Уйғур дар шимолу ғарби Чин баргузор шуд. Барои медалҳо 12 даста аз 7 кишвар – Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мубориза бурданд. Дар бозии ниҳоии мусобиқот дастаи Академияи футболи Истиқлол аз тими «Бейтзин Гоан»-и Чин (2:2, аз рӯи пеналти – 5:6) шикаст хӯрд ва мақоми дуюмро касб кард.