0:2 ДАР СИЛСИЛАИ БОЗИҲОИ ФИНАЛӢ
13.05.2025 23:50
ИМРӮЗ ВОХУРИИ ДУЮМИ СИЛСИЛАИ НИҲОИИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛ БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНӢ МИЁНИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «СОРО КОМПАНИЯ» БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дидори дуюм ҳам, ки мисли бозии аввал бо иштироки зиёди мухлисони ҳарду тим ҷараён гирифт, бо пирузии дастаи «Соро компания» бо натиҷаи 5:2 ба анҷом расид.
Пас аз ду рақобат ҳисоби умумии силсилаи финалӣ 2:0 буда, вохурии сеюми рақибон рӯзи 20 май дар «Кохи Олимп» доир мегардад. Тибқи низомномаи Суперлигаи футзал силсилаи ниҳоӣ то се ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2024/25
СИЛСИЛАИ НИҲОӢ. БОЗИИ ДУЮМ
«Соро компания» «Истиқлол»