РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛРО ЯКҶОЯ ҶАШН МЕГИРЕМ!
13.05.2025 16:50
ар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 май дар саросари кишвар чорабиниҳои калон дар самти оммавӣ гардонии футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта шудаанд.
Вобаста ба ин, роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» тасмим гирифт, ки санаи 19 май дар қароргоҳи даста воқеъ дар дараи Алмосӣ фестивали футболро бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ баргузор намояд. Оғози чорабинӣ сотаи 18:00.