«ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОЗИИ ИФТИТОҲИИ ЛИГАИ ОЛӢ ЗАФАР ЁФТ
07.03.2025 21:50
ҚАҲРАМОНИ КУНУНИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРИ АВВАЛИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ КИШВАР ДАР МАЙДОНИ ХУД БАР ТИМИ «ХУҶАНД» ДАСТБОЛО ГАРДИД.
Голи ягонаро дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонда, ғалабаи «Истиқлол»-ро таъмин намуд. Дар даври дуюми қаҳрамонии кишвар «Истиқлол» санаи 14 март бо дастаи «Регар-ТадАЗ» вориди рақобат мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон-2025
Даври 1-ум
«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 1:0
Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 6
«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Ҷошуа Акпуҷе, Николас Лоуренс (Ромиш Насруллозода, 69), Амирбек Ҷурабоев, Ризо Деҳқонӣ (Рустам Соиров, 83), Муҳаммадҷон Раҳимов (Масрур Ғафуров, 69), Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»).
Корти зард: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Фирдавс Абдусалимов, Сергей Сканян, Артем Сердюк («Хуҷанд»).
Корти сурх: Шон Комолафе («Хуҷанд») - 63 (корти 2-юми зард).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
7 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.