«ИСТИКЛОЛ» ФУРӮШИ ЧИПТАҲОИ QR-РО ДАР БОЗИҲОИ ХОНАГӢ ОҒОЗ МЕНАМОЯД
27.02.2025 18:10
ИН ЯК ҚАДАМИ МУҲИМ БУДА БА МУХЛИСОН ИМКОН МЕДИҲАД, КИ ЧИПТАҲОРО ОНЛАЙН ХАРИДОРӢ НАМУДА ВАҚТИ ХУДРО САРФА НАМОЯНД.
КФ «Истиқлол» кӯшиш менамояд, ки технологияҳои инноватсиониро барои татбиқ дар соҳаи варзиш истифода барад. Чиптаҳои QR на танҳо қулай, балки бехатар мебошанд, зеро онҳо хатари қалбакӣ ва дубора фурӯхтани чиптаҳоро коҳиш медиҳанд.
Раванди харидани чиптаи QR то ҳадди имкон содда аст: танҳо ба вебсайти расмии Ticketon https://ticketon.kz/dushanbe ворид шуда, бозӣ ва ҷойро интихоб кунед, барои чипта онлайн пардохт намуда ва рамзи QR-ро дар смартфони худ гиред.
Ҳамчунин шумо метавонед чиптаҳои коғазиро бо рамзи QR аз хазинаҳои варзишгоҳ харидорӣ намоед. Ҳангоми ворид шудан ба варзишгоҳ, шумо бояд танҳо коди QR-ро скан намоед, ки раванди вурудро ба таври назаррас суръат мебахшад.
Ҷорӣ намудани чиптаҳои QR як қисми стратегияи КФ «Истиқлол» барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мухлисон ва фароҳам овардани фазои бароҳат дар бозиҳои хонагӣ мебошад.
Богоҳ умедвор аст, ки ин навоварӣ аз ҷониби мухлисон пазируфта шуда, як қадами дигар дар роҳи рушди футбол дар кишвар хоҳад шуд.