ТАҚВИЯТИ ХАТИ МУҲОФИЗАТ ИДОМА ДОРАД!
24.02.2025 14:50
«ИСТИҚЛОЛ» ТАҚВИЯТИ ХАТИ ДИФОЪРО БАРОИ МАВСИМИ НАВ ИДОМА ДОДА ИСТОДААСТ. БО ИН МАҚАСАД ДАСТА БО ҲИМОЯТГАР АЗ НИГЕРИЯ ШАРТНОМА БАСТ,
Ҷошуа Акпуҷе - ҳимоятгари марказии 26-сола аз Нигерия ба «Истиқлол» ҳамроҳ гашт, то хати ҳимояро тақвият бахшад. Футболбози нави даста, ки баландии қадаш 192 см мебошад, 23 июли соли 1998 дар шаҳри Лагос таваллуд шудааст. Корномаи футболиашро дар ватани худ дар клуби МФМ оғоз намудааст.
Сипас дар дастаҳои соҳили Балтика «Даугавпилс», «Паневежис», инчунин тими «Яблонетс»-и Чехия ва «Илвес» (Финляндия) ҳунарнамоӣ намудааст.
Дар омори футболбоз 141 бозӣ дар сатҳи Лигаҳои бартар ба қайд гирифта шудааст, ӯ дар ҳисоби худ се гол ва ду паси головар дорад.
Пас аз имзои шартнома, Ҷошуа Акпуҷе имрӯз аввалин тамрини хубро дар ҳайати «Истиқлол» баргузор намуд.
Хуш омадӣ ба ҳайати чемпион, Ҷошуа!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30748