Ба тоҷикӣ  На русском In English 

БИМА - ШАРИКИ СУҒУРТАВИИ КФ ИСТИҚЛОЛ

17.02.2025 17:30

МИЁНИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВИИ «БИМА» СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД.

 

Тибқи шартнома ҳамкорӣ, ширкати «Бима» дар давоми як сол шарики суғуртавиии клуби пойтахт мегардад.

Дар маросими имзои созишнома директори генералии КФ «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов ва директори генералии ташкилоти «Бима» Неъмат Ҷалолиддинов, инчунин кормандони ҳарду ҷониб ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

«Мо хушҳолем, ки дар симои ташкилоти «Бима» шарики суғуртавии худро пайдо намудем. Умедворем, ки ҳамкории мо на як сол, балки ба таври назаррас бештар давом меёбад. Барои ҳамкории муассир ва судманди дутарафа  бо иродаи қавӣ омодаи кор ҳастем», - иброз дошт Шаҳзод Сулаймонов.

«Пеш аз ҳама, ман мехоҳам ба роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» изҳори миннатдорӣ намоям. Мо аз ҳамкорӣ бо клуби машҳуртарини Тоҷикистон ифтихор дорем, ин барои ташкилоти мо як рӯйдоди муҳим аст.

Қарори бастани шартномаи шарикӣ бо «Истиқлол» идомаи мантиқии сиесати ташкилоти суғуртавии  «Бима» мебошадд, ки тарзи ҳаети солимро таблиғ намуда, на танҳо футбол, балки дар умум варзишро дастгирӣ менамояд», - изҳор дошт Неъмат Ҷалолиддинов.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/30638

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj