«Истиқлол» ду футболбозро ба иҷора дод
17.02.2025 12:50
То охири сол ҳимоятгар Ҳайдар Сатторов ва ҳуҷумкор Меҳрон Мадаминов ба тариқи иҷора дар дастаҳои «Ҳулбук» ва «Барқчӣ» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мувофиқи шартнома «Истиқлол» ҳуқуқи пеш аз мӯҳлат баргардонидани футболбозони ҷавонро дар доираи равзанаи наздиктарини трансферӣ нигоҳ медорад.
Барори бозӣ ба шумо, бачаҳо!